• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

Шеъри анъанави

Самарканд
Чй  зебо  нури  махтоби   Самарќанд,
Ширин  аст  маззаи  оби  Самарќанд.
Сари  ман  мешавад  аз  арш  боло,
Агар  бинам  шабе хоби  Самарќанд.
Дилам  гум   мезанад   бар  ёди Айнї
Чу кафтар тоќи  мехроби  Самарќанд.
Ба даври  косаи гардун нигах кун,
«Ќаросу» шуд  Сиёхоби Самарќанд.

Илохо чархи гардун чаппа гардад,

Диламро кард зардоби Самарканд.
Агар  мурдам  ба  ёди  растахояш,
Чашонедам   маи  ноби  Самарќанд.

Зи оби Панчруди мо расонед,

Саломе суи Панчоби Самрканд.

ХОНУМИ АФСАРИ РУС
Хонуми афсари рус ёдат хаст,
Ишки мо сархати дафтархо буд.
Дили ман майли дилат дошт,вале
Дили ту хампари кафтархо буд.

Хонуми афсари рус ёдам хаст,
Чомаи хоби туро буса задам.
Дар рахи омаданат як шаби хачр,
Чогахи хоби туро буса задам.

Хучраи хоби ту дар ёдам хаст,
Сурати Маряму Исо дорад.
Чогахи хоби ту дар ёдам хаст,
Накхати атиру упо дорад.

Хонуми афсари рус ёдат хаст,
Ищкро ошики побаста буди,
Шаби мавлуди Исо гуи маро
Дар салиби чогахат баста буди!?

РАМЗИ ДЕХА
Пашми гови кампири Хол-она тубам буд,
Аз нихоли хотааш як аспи чубам буд.
Борхо аз гушти мургаш сихкабобам буд,
Сояи боми шипангаш чои хобам буд.

Мешумурд у мургхоро бегахони,
Мургхо гум мешуданди ногахони.
У гумонбар буд зи дуздони хакики,
Дошт бар мо мехрубонию шафики.

Гох мегирад хумори руи бомаш,
Гохи дигар мебарам бо мехр номаш.
Хамчунон як одами хокии деха
Буд рамзи олии покии деха.

АВРУПОИ
Ало,Элина эй,Элинаи ман,
Саратро нех ба руи синаи ман.
Бинои ишкро ою бино кун
Даруни ин дили бекинаи ман.

Биёву хира кун чашми кабудат
Ба чашмони сиёхи бегуборам.
Биёву кисса кун буду набудат,
Ки аз чашми кабудат дар хуморам.

Биё,хусну гурурат ориёист,
Гаму шоди-сурурат ориёист.
Агар хунам ба хунат ошно нест,
Вучудат то шуъурат ориёист.

Биё,дар тан либоси шаркиёна,
Наво бахшо самои шахри моро.
Ба бахри ишк туфони дигар бахш,
Ба туфон ошно кун нахри моро.

Биё, оханги поят аврупои,
Шамими бусахоят охурои.
Биё,набзи нигохат аврупои,
Танини хандахоят охурои.

??!!
Гарданат занчири тилло дорад,
Занчират накши чалипо дорад.
Миси гушвори ту аз ахди кадим,
Тархи нокуси калисо дорад.

Айнаки заррини чашмат, хамчун
Абри хуршедпанох метобад.
Буи уппои урупоии ту
Дар машомам дер боз мехобад.

Мар-мари пайкари зебо-т ачаб,
Ёди андоми худоён мекард.
Кадхудоёни гули маъракаро
Бехуду оилавайрон мекард.

Аз чамеъи дилбарон дар мачлис,
Ту баланд як сару гардан буди.
Ман намедонам,(Худо бахш маро!)
Ту худо буди ва ё зан буди??!!

НИХОЛИ ИШК

Шабе, ки руи боми ту гули махтоб механдид,

Ситора хамчу тифли хуфта андар хоб механдид,

Даруни хонаат як марди беодоб механдид,

Нихоли ишки мо хушкид.

 

Хамон шаб руи бомат чони ман бигрист,

Ба ёди ахди ту паймони ман бигрист,

Лаби Чуи Малик вичдони ман бигрист,

Нихоли ишки мо хушкид.

 

Валекин решахояш дар дили ман решхо бигзошт,

Чу занбури асал дар синаи ман нешхо бигзошт,

Факат дар хотири ман ёди рузи пешхо бигзошт,

Нихоли ишки мо хушкид.

 

Нихоли ишки мо буда патакреша

Ва ё будаст береша,

Намехушкид, варна дар шаби махтоб,

Даруни об.

Комментариев: 2

  1. Durud ba shumo
    in sahifai shumoro khonda biser khursand shudam tashakur

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.