• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

МЕНТАЛИТЕТ ё сафсаттаи арафаи ид

Мо намадхои чиркини хешро метакидем,
Ва фаршхои ифлоси хонахомонро мешакидем.
Об дар кишвари мо баски фаровон буд,
Оби румон оби борон буд.

Мо руи сиёхгаштаи хешро мешустем,
Ва панч вакт тахорати зохир мекардем,
Мо бист ракаъат намози таровех ва
Се ракаъат витри вочиб мехондем.
Мо пода-пода ба хонахои якдигар мерафтем
Ва дастархонхоро мелесидем.
Мо дастчамъона оруг мезадем
Ва якдилона ба холи хамдигар механдидем.

Мо ба пойхои барахнаи духтарони урус менигаристем
Ва лаб мелесидем: “Бхурумтаее”!!!
Мо ба ришхои шонанодидаи хеш панча мезадем,
Писаронро чавонахук
Ва духтаронро мочахирс мегуфтем.
Мо аз занхои худ наметарсидем,
Мо завчахои худро “бева” мегуфтем.

Мо ба сиёхи одат карда будем.
Мо шишахои мошинхомонро сиёх мекардем
Ва аз пушти шишахои сиёх
Субхи сафеди Ватанро сиёх медидем.
Дарвокеъ
Мо мафхуми мукаддаси “ВАТАН”-ро
Бо вожаи ифлоси “ЧАТАН” хамкофия мекардем.

Мо чун галаи гусфандон,
Дар хиёбонхои шахр мечаридем,
Деворахои рекломхоро медаридем.
Мо арак мехурдем,
Мо арак мекардем,
Ва аз буи араки бадани якдигар
Маст мегардидем.

Дар сари гуруру масти мушт ба сина мезадем:
“Обои ман Точмахалро сохтааст!”
“Бобои ман дар Берлин байрак афроштааст!”
“Додои ман шахтахои Кизилкумро кофтааст…”

Кош як бор аз хеш мепурсидем:
“Мо чи мекунем ва кучо хохем рафт???”
Ва
Гайраю
Ва
Хо
Казо.

Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.