Соли 1968
Бе пурсиши ман,
Маро зодаанд.
Соли 1975
Бе хохиши ман,
Маро ба мактаб додаанд…
Агар озори касеро кашидаам
Ва ё миннати хасеро бурдаам,
Хохиши зиндаги ин буд!
Ва аскари,
Ва Донишгох,
Ва рох,
Ва берох
Бо сукути хохиши ман будааст.
Ва шеърам,
Ва ишкам,
Ва рашкам
Гувоханд, ки
ХАСТАМ!
Ман арзи вучуд мекунам охиста,
Хар буду набуд мекунам охиста.
Монанди сигори байни ангуштонам,
Месузаму дуд мекунам охиста.
Ман МАликов абдувохид Зеварович 6-сентябри соли 1968 дар дехаи ПАНЧРУД дар лаб ханда ба дунё наомадаам.Падарам Маликов Зевар(хама Бобои Мутаххар мегуфтанд) вакти тавлиди нахустписарашон яъне ман дар шахтахои Кизилкум кор мекардаанд.Баъдтар аз сабаби бад шудани саломати ба кори КОЛХОЗ гузаштаанд.
Модарам Норова Мусайяв хонашин буданд.Аз падару модарам мо се фарзанд мондем ман додарам Махкам панч сол хурдтар ва хохарам Мукима.
Дар синни 7 солаги ба мактаби миёнаи раками 27 и дехаи Панчруд бурдандам.Муаллими аввалинам Усмонов Кариммулло буданд.Ёд дорам вакте ки маро ба мактаб бурданд пеш аз ба синф дохил шудан музачахоямро кашида будам,ки боиси хандаи калонсолону гиряи ман шуда буд.Вокеан дар ин мактаб дах сол хондаам ва борхо гиряхо кардаам.Шояд дар бораи гиряхоям,ки таърихчахои гуногун доранд ягон вакт Худо даст дихад накл мекунам.Баъд аз хатми синфи хашт хамрох бо хатмкунандагони мактаби деха ба шахри Душанбе омадам.Хуччатхоямро ба Омузишгохи тибби супоридам,аммо аз имтихони аввал бахои ду гирифта боз ба деха баргаштам ва тахсилро дар мактаби деха идома додам.Баъд аз хатми синфи дахум яъне соли 1985 боз барои хондан ба Душанбешахр омадам.
Ин аст тарчумаи холи мухтасаре ки ман барои расмият менависам.Дар асл тарчумаи холи ман хамон шеър аст ки “Тарчимаи хол”номаш кардаам.
6-июли соли 1987 ба сафи Куввахои мусаллахи Иттиходи Шурави даъват шудам.Ду сол дар кисми куввахои зиддихавоии (ПВО) Укроин дар вилояти Николаевск дар шахраки Первомайск хизмат кардам .Рутбаи харбиям сержанти калон.Пас аз хизмат ба Душанбе баргаштам ва аз курси дуюм ба тахсил дар Донишгох идома додам.Донишгохро соли 1994 хатм намудам.Хануз аз давраи донишчуиям дар мачаллаи “Чашма”(аз соли 1991) кору фаъолият мекунам.
Аз хурди китобхониро дуст медоштам.Падару модарам барои он ки ман дар таги курпа нури фонарикашонро барои китобхои “фачу лач”сарф мекунам сарзаниш мекардандам.Дарсатро хон мегуфтанд.Боре ёдам хаст,ки падарам китоби “Норак”- Ю.Акобирро ба даруни печка партофтанду ман аз китобхонаи мактаб карздор шудам.Намеёристам,ки барои китоби сухта аз худашон пул пурсам барои хамин хам аз хонаи муаллими Мухиддинов,ки дар хамсоягиамон мезистандкитоб дуздидам.Хозир фикр мекунам,ки ин дуздии охирини ман набудааст.Чунки холо хам агар китоби хубе ба дастам афтаду онро харида натавонам,албатта медуздамаш!Баъд аз хидмати харби ба хондани китобхо ба забони уруси сар кардам.Кафкаю Ничаю Гюго,Цвейгу Мопасану Толстой,Маркесу Деффо ,Есенину Гоголь ва дигаронро кам-кам мехонам.Вакте ки Есенинро хондам хеле мутаассир шудам.Чанд шеърак хам дар васфаш навиштам,ки дар мачмуаи дуюмам бо номи “Зулфи бед” чой дода шудааст.Холо дар шахри Душанбе зиндаги дорам,харчанд,ки ин чо ,шукри Худо хонаю дари обод дорам,боз хар лахзаю хар соат дилам барои Панчруд гум мезанад .
Аз бихишт то Панчруд фарсанг нест,
Ор бахри панчруди нанг нест.
З-ин сабаб дар шохрохи зиндаги
Пои фикри панчруди ланг нест… давоми ин газалро ,ки”Газале барои Панчруд”ном дорад ,метавонед аз “Зулфи бед”хонед.
Вокеан, дар бораи мачмуа.Мачмуаи аввалинам соли 2000-ум бо фотихаи Устод Камол Насрулло ва зери тахрири дустам Салимчон ( Салими Зарафшонфар) нашр шуд.Дар ин китобча тахминан сию панч шеър чой гирифтааст,ки дар солхои гуногун эчод шудаанд.Хамон чо як шеъраке бо номи ” Ба М”хаст,ки хамаги аз чор мисраъ иборат аст.Аммо дар бораи он сару садохо хеле зиёд шуд.Хар зане,ки маро мешинохту номаш бо харфи М сар мешуд,фикр мекард ки ин шеър дар бораи уст.Хатто духтароне низ буданд,ки дар деха зиндагии ободу шавхару хонаю дар доштанд ва дасти ман ба дасташон нарасида буд,аммо одамон хамонхоро мегуфтанду ном мебурданд.Боре дар деха марде аз сари масти бо ман хархаша эчод карду суханхои пасту баланд гуфт.Нафахмидам,ки аз ман чи мехохад.Баъди чанде аз як рафикам фахмидам,ки номи завчааш бо харфи М сар мешудаасту у фикр мекардааст,ки ман хамин шеърро дар бораи зани у гуфта бошам.Бечора!Занаш,ки гар хаст дилаш дур меравад,агарне ман кучою зани зебои у кучо!
Мачмуаи дуюмам бо номи “Зулфи бед” соли 2009 дар нашриёти “Адиб” чоп шуд.Мухаррири ин мачмуа дусти болотар аз бародар Мубашшир Акбарзод мебошад.Дар ин мачмуа бештар шеърхои дар солхои охир эчодшударо дар бар мегирад.Кариб як китоби дигар шеър тайёр аст,азбаски имруз шеърро дар Точикистон хор кардаанд,намехохам чопаш кунам.Агар Худо даст дихад, иншооллох бо расидани фурсати мувофик чоп хохам кард.Хозир дар сари як китоби алохида дар бораи таърихи Панчруд хастам.Аз Худованди мутаъол умед дорам то даст дихад ва аз рухи Устод Рудаки мадад металабам, то ёри кунад ин азмро то ба охир расонам.Айни хол ин китоб дар арафаи омодашавист.Мехохам як маълумотномае дар бораи Панчруд чамъовари намоям, ки барои хама муфид бошад.Аз хамин сабаб вакт каму умр даргузару кор бисёр ва ками андар кам вакти дар блог навиштан даст медихад.Ният дорам, агар китоби Панчрудро ба охир расонам, аввал дар сахифахои блог чой хохам дод.
Барои навиштани ин китоб аз чанд сарчашма истифода кардам.Нахустин сарчашмаи истифода шуда ин асари арзишманди донишманди эрони устод Саид Нафиси – “Мухити зиндаги ва ахволу ашъори Рудаки” мебошад.Дар ин асари пурарзиш устод Нафиси, аз замони зиндагии Устод Рудаки – давраи сомониён сар карда то ба давраи шурави,тадкикоту тахкикоти раднашаванда гузаронидааст, ки то у касе ба ин арзишманди рисолае дар бораи Устод Рудаки нанавиштааст.Хамаи тадкикотчиёни дигари ахволу ашъори Устод Рудаки, ки пас аз устод Нафиси омадаанд, аз ин бузургмард иктибос кардаанд.Пас аз он маълумотхо аз Абдурахмони Мустачир як точири самарканди, ки бо хамрохии походи генерали урус Абрамов ба водии Зарафшон дар соли 1870 гузаронидааст ва китобе бо номи “Рузномаи сафари Искандаркул” навиштааст, оварда шуд.Сарчашмахои дигари истифодашуда Аълохон Афсахзод “Одамушшуаро Рудаки”, Р.Амонов ва М.Шукуров “Фолклори диёри Рудаки”, “Мукотибаи с.Айни ва А. Лохути”,И.С.Брагинский “Абуабдуллох Чаъфар Рудаки”, Садриддин Айни “Намунаи адабиёти точик”ва гайра мебошад.Хозир дар сари онам, ки чанд маълумоти дигар, ки дар ин вактхои ахир маълумам шуд,пайдо намоям.Холо мехохам як аккоси нагз ёбам ва аксхое зиёд аз чохои таърихии дехаи зебоманзари Панчруд бардорад ва як бахши китобро “Бахши аксхо” номгузори кунам. Бубинем аз Худои мутаъол чи ояд.
РУЗИ ТАВАЛЛУД
Аслан ман ин ибораро хуш надорам,чунки боз як соли дигар аз умри инсон кам мешавад.Рузи таваллуд хамон вакт хуш аст,ки ОДАМ ба дунё меояд.Дигар рузхои таваллуд хама ба зарари ман будаанд ва хастанд.Пас ба кадом хотир ман бояд шод бошам?Дар ин руз ёру дустон одамро ба хотир меоранд,суханхои болохонадор мегуянд,таъриф мекунанд,аммо фикр хам намекунанд,ки ин як соле,ки гузашт шуморо ба марг наздиктар кард!Пас бо чи ру ман ин солро чашн бигирам?Ман, ки ба ин наздикихо мурдани нестам,аслан ман тамоман мурдани нестаму аммо ин чиз ба фикрам номумкин аст.Ман дар ин чилучанд сол чи кореро ба анчом расонидаам, ки боиси чашн бошад?Як китобе, як шеъре,як байте ё як мисрае мондагор нанавиштаам, ки кобили чашн гирифтани чилучандсолагии ман бошад.Ё баъд аз ба дунё омадани ман дар дунё ягон дигаргуние назаррас, ки ба рузи таваллуди ман вобаста бошад вокеъ нашудааст, ки боиси фахри ман гардад ва ман ба ин хотир ин рузро, яъне 6 – уми сентябрро чашн бигирам.Ба назари ман ин руз низ чун рузхои дигари Худо буд, хаст ва мебошад.Ва ба дунё омадану рафтани ман ба ин руз вобаста нест , мешуд,ки маро дар дигар руз ва дар чои дигар ба дунё оранд!Ачиб хам мешуд, чунки дар чои дигар шояд ман каси дигар мебудам?Аммо ман аз оне,ки имруз хастам норози нестам.
Китоб
Даврони донишчуи китоб фаровон доштам.Тахминан чахор хазор чилд.Хазор чилдашро зани додарам албдаргирони дузах кард.Хазор чилдаш дар Душанбе,хазор чилдаш дар Панчруд ва сесаду як донаашро ба Китобхонаи милли супоридам.Имруз дар хонаам хаштсаду панч чилд мондаасту халос.Ман аслан китобдор нестам, аммо харидану ба даст овардану хондани китобро дуст медорам.Рафиконам пештар ба ман китоб тухфа мекарданд,холо факат оташдихак (зажигалка)хадя мекунанд.Вокеан дар бораи оташдихак.Чанд сол мешавад, ки оташдихак (зажигалка) чамъовари мекунам.Чамъоварии оташдихак намедонам аз кучо ба сари ман омад?Шояд ин як нишонаи оташпарастии гузаштагони мо бошад, ки баъд аз гузашти асрхо дар вучуди ман ру зада бошад?Гумон намекунам!Чунки падару бобохои ман пушт ба пушт Шайху Суфию Мулло будаанд ва банда низ хам дар хонаю хам дар назди Устодони бомаърифат дарси Хафтяку Куръону Чоркитобу Хоча Хофизу Тугралу Бедил хондаам.Харчи хам бошад имруз оташдихакхои ман хеле зиёданд.Хисоб накардаам ки чи кадар шудааст,аммо хамин кадарашро медонам, ки як халтаи селофаниашро касе ба ягмо бурд, ки чорсад донаи накд дар дарунаш буд.Оташдихакхои ман аз хар гушаю канори дунё тавассути дустонам чамъовари шудаанд.Ман ба дустонам мегуям, ки аз сафар ба ман ё китоб оред ё оташдихак!



Дасти Шумо дард накунад. Зинда бошед!
Саломат бошед!
Bo arzi salom hasta naboshed farzandi arzishmandi vatan akai Abduvohid Malikov man az in saite ki shumo boz kardaaton helo hush holam va fahri chunin farzandoni farzonai diyoram mekunam doimo saraton ba bolo boshad az navishtajothoi shumo helo hush hol shudam dar hakikat naberai Rudaki budanatonro his namudam baroyaton orzuhoi khush tamano doram akoi mehrubon!
Саломат бош додар!Кушиш мекунам хар руз як чизи наве аз навиштахоям зам намоям.Ба наздики китобе навнавишт бо номи “Зулфи бед ” чоп кардам, ки ин навиштахо аз он чост.Хохиш мекунам фикрхоятро дар бораи ин шеъргунахо нависи.Боки бароят хушрузихо таманно дорам.
Устодо, муборак бошад хонаи умед! Чонон! Лекин шеъри тарчумаи хола хойдан даркор набуд. Пеш хушру буд. Як бенед- да! Муваффак бошед
Саломат бошед!Як-як пикротона набишта партоед.
Салом, дӯсти азиз Абдувоҳиди Зевар!
Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.
Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.
Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.
Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.
Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.
Бо дуруд ва эҳтиром
Соҷидаи Мирзо,
мудири Бахши Тоҷикии
Радиои Озодӣ
Оффарин, устод” рости хело писанд омад.
Саломат бош додар!