• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

Навгони

Панчруд

Дар лаби Чуи Малик шеъри равон,
Боди Уффор суруд мехонад.
Боги боло сахнаи ракси дарахт,
Хавасу чашми тамошо дори?!

Бурси дуреша магар пайвандист,
Решахо бар таърихи кухнаю нав.
Шохи уро надихад тоб касе,
Бозую дасти тавоно дори?!

Панч мисраъ ба бараш руди равон,
Панч чуест пур аз шири равон,
Панч чуест пур аз шеъри равон,
Дидаи хушбину хоно дори?!

Маркади оди набошад кабраш,
Гунбази шеъри баланд аст ин чо!
Кудаке мегузарад Рудакивор
Дар дахон вожаи канд аст, ин чо!

Хоби нагз

Хаст зеби гарданаш накши чалипое,
Гушвораш-нокуси зарди калисои.

Дар дили у як китоби орзу махфуз,
Чун хати гумгаштаи мехи, авестои.

Меравам то хонааш-то ошёни хафт,
Мекунад дар хонаи калбаш пазирои.

Мебарояд пешвозам хамчунон хуршед,
Пои урён ё ки бо кафши сарипои.

Мекунад «хушомадед» у аз сари шарм,
Лахчааш ширинтар аз лахни бухорои.

Хонааш «аржанг»-и монивор зебост,
Аксхои руи девораш тамошои.

Гох-гохе хобхои нагз мебинам:
Менамоем руи рахти у бахамои.

Реклама

Хоб

Ман, ки дар хонаи хокии падар,
Хоб медидаму субх,
Хоби худро ба лаби Чуи Малик мебурдам.

Ман кунун дар кафаси хонаи бетонии шахр,
Дахшати хоби сахарро
Ба кучо хохам бурд!?

ГАЗАЛ

Ба руи сахфаи дафтарам сурати бахор кашид,
Сурати калби маро як чашми интизор кашид.

Тамоми шеърхои маро хат кашиду нахонд,
Хате ба руи оинаи утоки пургубор кашид.

Ба кулли суратгарони чин таъна бизад,
Маро хуничигар карду сурати анор кашид.

Нишасту коняку кахваю шоколад хурд,
Гирифту гардани маро дар канор кашид.

Аз омадану зуд рафтанаш дилам месухт,
Чу дуди хасрати дили ман сигор кашид.

Ба аспи чахл баромад инони гиряро сар дод,
Яке буса хам надоду накшаи фирор кашид.

Муночоти Хуршед бо дарё

Рабуди аз лабам лабханди ман дарё,
Намуди захр охир канди ман дарё,
Гами олам кунун побанди ман дарё,
Фиребам доди,карди фанди ман дарё
Шуди ту котили фарзанди ман дарё!

Зи хачраш чашмаи чашмони ман хушкид,
Ба ёдаш дидаи пазмони ман хушкид,
Бахорон лолаю райхони ман хушкид,
Хаёлам решахои чони ман хушкид,
Илохо ту шави монанди ман дарё!

Ба ки мегуям акнун дарду догамро,
Ки шодоб мекунад гулхои богамро,
Чунон гум кардаам роху чарогамро,
Намеёбам, намеёбам сурогамро,
Кучо бурди, кучо пайванди ман дарё?

Диловарчони ман рафту мадорам рафт,
Зи дасту пою дил сабру карорам рафт,
Ба руи ахтарон дуди губорам рафт,
Кунун Хуршед мегуяд бахорам рафт!
Чаро бурди,чаро фарзанди ман дарё!?

АРЗ

Ба коинот рах набурдам,
Магар ба каъба.
Мухосибе нест,
Хама хочи!

Дар идораи мухосибот,
Мухосиби харомхоре
Пулхои маро хурд.

Дафтари аъмоли пургунохи варо,
Ки мехонад?
Ва
Телефони мобилии Худоро,
Ки медонад?!

ШАХРИ МО

Шахри мо,
Шахре чарогон буд.
Кучахояш атри борон дошт,
Борахо кафтар фаровон дошт.

Шахри мо,
Шахри чавони буд.
Роххояш санги буданд,
Чехрахо фарханги буданд.

Руи бомаш,
Чои гитору сигору
Кахва буд,
Бангу героин набуд!

Дар харакхои лаби чу,
Мусафедони баномус менишастанд,
Кампиракхояш чунин беномусу беру набуданд.

Шахри мо,
Шахрванди буми дошт,
Одамакхои лабибоми надошт.

Шахри мо,
Хуру пари дошт
Одаму одамгари дошт!!!

ТУ ЯК БАХОР НОЗИ

Ту як бахор нози,як зимистон кахр,
Гах укёнуси ороми,гахе чун бахр.
Ту хамчун бахори деха зебои,
Бахоре чун ту набувад дар шахр.
Хазор чони ман хакки шири модари ту,
Хазор чони дигарам чун махр.
Туро таъриф намудам ба модари худ,
Бигуфтам: чун ту назода модари дахр.
Ман аз лутфи дилбарони дахр беморам,
Хамин як нешханди ту бошадам позахр!