• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

  • Реклама

Хасбихоли

ИШКИ ВАТАН
Дар ин шахри зи ёди осмон рафта,
Маро ишки Ватан дар банд медорад.
Дар ин чо хучраи бетоние дорам,
Дарунаш гайри когазпорахою кухнаколоям
Тани беарзише хам хаст.

Дар ин шахри зи ёди осмон рафта,
Замин хам нест!
Амалдораш хаворо мехарошад бо кадамхояш,
Каламдораш нигахро мехарошад бо каламхояш!

Бахораш дар нигохи хушки одамхош,
Дами поиз меорад ба ёду мавсими дайро,
Кунун аз фасли сармояш чи мепурси?

Сахар аз подаи мошин бароям як кадам рах нест,
Зи дуди мошину бангу сигору оташи куча
Ба шаб дар осмон истораву мах нест!

Хавояш аз хароши пои одамхош гандида,
Бародар нест дар ин шахр,
Хама аз якдигар аз тарс ранчида…

Миёни ин хама бесарпанохихо
Маро ишки Ватан дар банд медорад.

САЛОМИ ОФТОБ
Ба хотираи устод Мухаммадзамони Солех

Бар саломаш офтоб ин субх,
Бо лаби пурханда омад боз.
Хучраи кории у холи,
Як-ду накше монда дар коли.

Як кабутар кум-кум огозид,
Дар фарози тахтаи балкон.
Ку-куе дигар намечинад,
Пушти шиша донаю талкон.

Дар даруни рафти чевонаш,
Дастнависе монда буд хайрон.
Ман дидам дар руи мизи сурх,
Соати дастии у вайрон.

Ман ба «Девори Хуросон»-аш,
Даст бурдам бахри вохури.
Сураташ гуё,ки мегуфтам:
Рафтааст берун хавохури.

Гашта берун рафтаму дидам,
Шаш катор ашки хаво резон,
Гуиё у рафтааст Мастчох,
Аз паси у ман кашидам ОХ.
ДАВРИ ХЕЗ
Дар давраи мо ,додарам,
Одам Худо набуд.
Накши Худо аз кисмати одам чудо набуд.
Он гах Худо Худо буду Одамхудо набуд.

Дахри хамонзамона хам
Дарвоза доштаст.
Шахри хамонзамона хам дарвоза доштаст.
Насле,ки доштем
Овоза доштаст.

Мо бачахои давлату халки Худо будем,
Андар чавонихои худ дони кучо будем?
Дар мактабу донишкада аз гам чудо будем!

Ин давр даври кист?
Ин давр даври хез!
Хезон хама дар зиндаги Одамхудо шуданд?!

САВОЛ

Дуди сигор як шабе,

Аломати савол шуд.

Бахри чи зиндагии халк,

Руз ба руз мухол шуд?

Чуръаи кахва пеши ман,

Нуш накарда сард шуд.

Зиндаги аз чи ру чунин,

Бех нашуду дард шуд?

Дар сари фикри худ будам,

Ранги калам тамом шуд,

Монд савол бечавоб,

Субх нашуда шом шуд!

РИНД

(Барои Чуёи Самрканди)

Ринду бебок аст Чуё,

Ошики ток аст Чуё.

Дар вучудаш олами нав

Олами пок аст Чуё.

Шоире масту самои,

Дар дили хок аст Чуё.

Як китоби нонавишта,

Шеъри гамнок аст Чуё.

Мерасад рузе,ки гуям:

Рашки афлок аст Чуё!

БОМДОДИ ПИРИ

Баъди хуфтанхои айёми чавони,

Бомдоди пириям охиста ру зад.

Чашмаи ишку хавас охиста хушкид,

Фикр бар аъмоки маънихо фуру зад.

Баъди хуфтанхои айёми чавони,

Бомдоди пириро огоз кардам,

Бе тахорат,бе харорат,бе махорат

Чонамози пириямро боз кардам.

Аз маросими чили чилсолагиям,

Хафт хам бигзашту бисту сол хам.

Худ азо бигрифта бар марги чавони,

Дар катори пирхои навчавони чо гирифтам!

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: