• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

  • Реклама

Шеъри анъанави

Самарканд
Чй  зебо  нури  махтоби   Самарќанд,
Ширин  аст  маззаи  оби  Самарќанд.
Сари  ман  мешавад  аз  арш  боло,
Агар  бинам  шабе хоби  Самарќанд.
Дилам  гум   мезанад   бар  ёди Айнї
Чу кафтар тоќи  мехроби  Самарќанд.
Ба даври  косаи гардун нигах кун,
«Ќаросу» шуд  Сиёхоби Самарќанд.

Илохо чархи гардун чаппа гардад,

Диламро кард зардоби Самарканд.
Агар  мурдам  ба  ёди  растахояш,
Чашонедам   маи  ноби  Самарќанд.

Зи оби Панчруди мо расонед,

Саломе суи Панчоби Самрканд.

ХОНУМИ АФСАРИ РУС
Хонуми афсари рус ёдат хаст,
Ишки мо сархати дафтархо буд.
Дили ман майли дилат дошт,вале
Дили ту хампари кафтархо буд.

Хонуми афсари рус ёдам хаст,
Чомаи хоби туро буса задам.
Дар рахи омаданат як шаби хачр,
Чогахи хоби туро буса задам.

Хучраи хоби ту дар ёдам хаст,
Сурати Маряму Исо дорад.
Чогахи хоби ту дар ёдам хаст,
Накхати атиру упо дорад.

Хонуми афсари рус ёдат хаст,
Ищкро ошики побаста буди,
Шаби мавлуди Исо гуи маро
Дар салиби чогахат баста буди!?

РАМЗИ ДЕХА
Пашми гови кампири Хол-она тубам буд,
Аз нихоли хотааш як аспи чубам буд.
Борхо аз гушти мургаш сихкабобам буд,
Сояи боми шипангаш чои хобам буд.

Мешумурд у мургхоро бегахони,
Мургхо гум мешуданди ногахони.
У гумонбар буд зи дуздони хакики,
Дошт бар мо мехрубонию шафики.

Гох мегирад хумори руи бомаш,
Гохи дигар мебарам бо мехр номаш.
Хамчунон як одами хокии деха
Буд рамзи олии покии деха.

АВРУПОИ
Ало,Элина эй,Элинаи ман,
Саратро нех ба руи синаи ман.
Бинои ишкро ою бино кун
Даруни ин дили бекинаи ман.

Биёву хира кун чашми кабудат
Ба чашмони сиёхи бегуборам.
Биёву кисса кун буду набудат,
Ки аз чашми кабудат дар хуморам.

Биё,хусну гурурат ориёист,
Гаму шоди-сурурат ориёист.
Агар хунам ба хунат ошно нест,
Вучудат то шуъурат ориёист.

Биё,дар тан либоси шаркиёна,
Наво бахшо самои шахри моро.
Ба бахри ишк туфони дигар бахш,
Ба туфон ошно кун нахри моро.

Биё, оханги поят аврупои,
Шамими бусахоят охурои.
Биё,набзи нигохат аврупои,
Танини хандахоят охурои.

??!!
Гарданат занчири тилло дорад,
Занчират накши чалипо дорад.
Миси гушвори ту аз ахди кадим,
Тархи нокуси калисо дорад.

Айнаки заррини чашмат, хамчун
Абри хуршедпанох метобад.
Буи уппои урупоии ту
Дар машомам дер боз мехобад.

Мар-мари пайкари зебо-т ачаб,
Ёди андоми худоён мекард.
Кадхудоёни гули маъракаро
Бехуду оилавайрон мекард.

Аз чамеъи дилбарон дар мачлис,
Ту баланд як сару гардан буди.
Ман намедонам,(Худо бахш маро!)
Ту худо буди ва ё зан буди??!!

НИХОЛИ ИШК

Шабе, ки руи боми ту гули махтоб механдид,

Ситора хамчу тифли хуфта андар хоб механдид,

Даруни хонаат як марди беодоб механдид,

Нихоли ишки мо хушкид.

 

Хамон шаб руи бомат чони ман бигрист,

Ба ёди ахди ту паймони ман бигрист,

Лаби Чуи Малик вичдони ман бигрист,

Нихоли ишки мо хушкид.

 

Валекин решахояш дар дили ман решхо бигзошт,

Чу занбури асал дар синаи ман нешхо бигзошт,

Факат дар хотири ман ёди рузи пешхо бигзошт,

Нихоли ишки мо хушкид.

 

Нихоли ишки мо буда патакреша

Ва ё будаст береша,

Намехушкид, варна дар шаби махтоб,

Даруни об.

 

Душанбеи махуф
(ё шеъри сафеди руйхои сиёх)

Дина,
Аз «Рудаки-плаза» шароб
ва
аз «ачина-бозор» китоб харидем.
(Ачиб тазоде!)
Ва дар кохи Сомон гулхои якрузаро дидем!

Ва ургутии «зеленфуруш»
духтарашро «сиёхпичча» мегуфт,
Ва як чавонмарди говчигар
хамрахашро «бачаи оча» мегуфт.

Бегохи душанбе буд..
Дар кабристони «Лучоб»
писараку духтараки мактабхон
лаб ба лаби хамдигар медухтанд
ва
хазонхои руи гури Лоику Одина Хошим
дуд мекарданд —
месухтанд!

Дарахти «бахт» дар боги ботаники бебарг аст.
Тобути мухочиреро мебурданд,
чомаи домоди дар руяш,
якин кардам —
тармарг аст!

Дар кучаи Федина туй буд,
дар хиёбони Саъдии Шерози — мотам.
Музейи ба номи Камолиддини Бехзод
ва
Театри Лохути — беодам.
Бозори фахш серодам.
Ва…
Ачаб тазоде!?
..сахар назди «водаправод» рафтам,
то хобамро ба об бигуям((

Реклама

комментария 4

  1. Durud ba shumo
    in sahifai shumoro khonda biser khursand shudam tashakur

  2. Офарин додари азиз Абдувохид!Хамеша чашмаи илхомат хамин тавр пуротифа ва чуш бизанад. Имшаб ман ба торнамои шумо ворид ва соате бо шеъру андешахоят хамрох шудам.Дар ин замона андешаи тозаву бикр баён кардан осон нест ва ман дар навиштахоят чанд нуктаи чолиб барои худ пайдо кардам , ки ба назарам тоза расиданд.Хамчунин аз он хурсандам , ки шумо хамдехаи дусту бародари азизам Абдукодири Рустам будаед.Ман ифтихори хамкориву рафокат бо Абдукодиро доштам ва чанд соле дар Алма Ато якчо будем ва борхо шохиди начобату мардонагии ин шахсияти вокеан фархангии миллатамон будаам. Бароят саломати ва пешрафти эчодиро аз Худованди маннон орзумандам.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: