• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

  • Реклама

Шеъри сафед

Дарди   армон.

 

 

Гиря  кардам,

Дилбарам  гуфт:

«Мазаи  гиряи  ту  шўр  будаст».

Нигахамро   ба падар

Нисбати олам  гуфтам .

Падарам гуфт:

«Чашми ботину  дилат  кўр  будаст».

Дарди  худро  ба сари

марќади  Модар  бурдам.

Рухи Модар  ба хаёлам мегуфт:

«Дарду  армони  дилат  зўр  будаст».

ШОМИ СИЁХ

Дина,

Дар шоми сиёхи Душанбе,

Дар ќатори арчахои хушк,

Фавч-фавчу ќатор-ќатор хушкида,

Озодагони бандаро дидам.

Дина,

Дар шоми сиёхи Душанбе,

Бо одамакони дилсиёх во хўрдам.

Аз торикии дилашон шахр торик буд,

Ба мурдаи «бомже» пешипо хўрдам.

Тифли лўли дар канори модараш луччак,

Модараш аз чабри дузде гиряро сар кард.

Тифлакаш нонрезахои дасташро

Чош кард,нарзи кабўтар кард.

Бо ќомате чун алиф як зани урус,

Бо почахои зебое чун сутунчахои калисо,

Сабзахои зебои хиёбонро зери по мекард.

Як мўсафеди нозанини челакпўш,

Ба домони кўтахи ў назар мекард,

Зан аз вучуди мўсафеду ман хазар мекард!

ШАХСИЯТ

Ман,

Духтари сиёхаки дар по калўшро,

Ё

Хонуми сафедпои юбкапўшро,

Ё

Як зани бошавхари хамрохи шўшро,

Афсун накардаам!

Гохе агар

Харкалларо ба г..и хар ташбех додаам,

Яъне,ки сад наркалларо танбех додаам.

Аз мочахар, аз очахар, аз очаѓар гахе

Ранчидаам агар,

Боке набуду нест!

Зеро ба назди хештан вичдонтозаам,

Пеши худу Худо

Имонтозаам!

АФСОНАБОФ

Мехмони шахри ман,

Аз Мочину Хитой,

Аз Амрикову Осиё бо чашми танги худ,

Бо як нигохи вахшии ѓашовари качаш,

Андоми шахридухтарони «юбка»-пўшро

Меоладу гузашт.

Ман рўи як харак,

Наззора мекунам:

Мехмони шахри ман,

Пойхои хешро

Дар сабзахои шахри ман мемоладу гузашт.

Гўё,ки деву дад,

Яъчучу Маъчуч,

З-афсона кўч баста бар дунёи реали,

Монанди ман дар шахр як афсонабоф нест!!!

КАХВАХОНА
Як журналисти фач,
Бо шоире фалач,
Дар пушти мизи гирд
Аз як бокал бо навбати худ пива мехуранд.

Бахсе миёнашон
Аз такдири сиёсати ахли башар мудом.
Гохе яке аз он,
Ахкомро хакорати дастибиринчи мекунад,
Гохе шакоят аз сиёсати «норинчи» мекунад.

Вакти чахонишуданаст мегуяд ин яке,
Вакти фалонишуданаст фарёд мезанад!
Пешхизмати бетабъи шал бо синахои луч,
(Як кахва 40 дирам)
Бепул барошон кахваи «пеле» намедихад…

САНДОНИ ГАМ
Ситорахо дар бистари зулоли шаб хуфтанд,
Чугзхо аз вайронахо афсонахо гуфтанд.
Нигохи гамангези мохтоб
Дар бешаи тани ман
Тухми дард мекорад!

Оханги гамангези орзухо
Танини хотирахои талхро
Менавозад.

Устухонхои оханини тани маро
Дар кураи гами Механ
Мегудозад!

АРЗ
Ба коинот рах набурдам,
Магар ба Каъба.
Мухосибе нест
Хама хочи!

Дар идораи мухосибот
Мухосиби харомхоре
Пулхои маро хурд!

Дафтари аъмоли пургунохи варо
Ки мехонад?
Ва
Телефони мобилии Худоро
Ки медонад?!

ТАРС

Дар сари пуштаи дех,

Гургу андешаи меш

Ману андешаи тарс,

Турктозии хамон гург ба ёдам монда.

Доштам холе жарф,

Дар хиёбони хамин шахр кунун метарсам.

Ман зи андешаи гургонаи як гург надорам боке,

Ман аз андешаи турконаи як хамватанам

МЕТАРСАМ!

Реклама

комментария 2

  1. Ajoib nazmided, rahmat, xondan xelo rohatovar bud.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: