• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

  • Реклама

Шеърхои сиёси

Панљрўд дар  сафњаи таърихи миллат
Шўрпуштон њарфњои шўр гуфтанд,
Кўрдилњо чашми ўро  кўр гуфтанд,
Хорпуштњо њам халиданд  хори худро,
Тортанњо њам таниданд тори худро.

Гўрканњо гўри нав  кофтанду рафтанд,
Ќиссачињо ќиссањо бофтанду  рафтанд.
Чанд тани  беобрў  аз оби рўйяш,
Чанд тани ношуста гуфт аз ранги мўйяш…

Оќибат рафтанду номи Рўдакй монд ,
Дар лаби мардум  каломи Рўдакй монд ,
Њаркй бад кард оќибат  рўяш сияњ шуд,
Рў  сафедињо ба коми  Рудакй монд.

Панљруду  Рўдакияш  зинда гардид,
Ин замон дар сафњаи таърифи миллат.
Панљрўду Рўдакй акнун дурахшад,
То абад дар сафњаи таърихи миллат.

Хонаи Худо

Дина  аз интернет.

Сайти  Худоро  чустучўй  кардам.

Сањифањои  е – майли зиёдро

пушту  рў  кардам.

Раќами телефони мобилї,

Амрикоиву Кобулї,

Хеле зиёд буд.

Гўшаки телефонро чанг задам,

Ба Хонаи каъба занг задам:

–  Ало, ин хонаи Худост?

– Не, ин љо Амрикост!

Ба худ гуфтам:

«Агар Каъба Амрикост,

Пас хонаи Худо куљост?!»

Кризис

Сактае аз зиндагонї дар дилаш монд,

Зери шифти кулбааш дар дења хоб аст.

Додарам дар Маскаву ман дар Душанбе

Шефири боми падар бишкаставу

дар зери об аст.

Ёдњои нављавониро ба дасташ карда ассо,

Бомдодон сўи масљид мешитобид.

Як нигоњ бар оѓилу дарвоза карда,

Даст мебурд сўи  тилфон.

Буд тилфон дар даруни љебакаш,

Дошт љебак дар даруни љелакаш.

Дар сари 100 – дона шефир,

Байни мо радду  бадал буд.

Пардабоми  оѓилу  дарвозааш  чўкидааст,

Посутуни  маркази  айвони ў пўкидааст.

Модари ман зинда мебуд

Кўтањии  дасти моро мунга мекард.

Ў намедонад, ки охир ин кризис –

– Ин падармурда ба шањри мо расида,

Њам саховат, њам сахо аз мо парида…

ОВОИ БОД
Аз овози баланди вазир,
Садои хобро мешунавам.
Аз пушти панчараи озоди
Овои бодро мешунавам.

Аз дуди гализи сигор,
Паёме аз духтараки тамокупарвар мегирам
Ва сигори «пайн»-ро мебуям.

Аз паси панчараи озоди,
Шоиреро дидам
Ба харе гуфт «Шумо»
Ва хареро дидам
Даруни огили андешаи мардум факат мемезид!

НАВОРИ ЗИНДАГИ
Дар навори зиндаги имруз
Занхои фаранчипушро дидам.
Кудакони гуруснаи нимчонро,
Пушторакунон мерафтанд.

Дар навори зиндаги дидам,
Ки зане фаранчии худро
Кафани кудаки гурамаргаш кард.

Дар навори зиндаги дидам,
Занхои фаластини харосон
Дар сари тобути фарзандонашон
Алла мегуфтанд.

Дар навори зиндаги дидам
Модари бечораи афгонро,
Ки ба чои шир ба дилбандаш
Катрахои ашкро медод.

Дар навори зиндаги имруз
Модари инсон кучо мерафт?
Дар лабонаш шикваи кисмат
Магарам пеши худо мерафт?!

Дар навори зиндаги дидам,
Ки худо суи Бушхо мегуфт,
Ки мани бесоя аз сояи худ безорам.

ХАЗЁН
Дар Вазорати маъориф,
Масъалаи эзори зани фулониро
Хал карданд.
(Яъне сатр!)

Дар Кумитаи дин ё МЧС,
Ришу муйлаб
Ва муйхои хароми бисмадониро
Кал карданд!
(Мирзо Зиёев)

О,ЮНЕСКО!!!
Пешниходи маро кабул кунед,
Як рузи худоро
«Рузи эзоркаши»эълон кунед!

HELO KOMPUTER
Дина аз минбари баланд,
Вазири кабири маъориф
Дари маърифатро
Ба руи тифлон баст!

Вазири тандурусти,
Истеъмоли нони маърифатро
Мамнуъ кард!

ФАРМОН:
Дагар кудакони кудакистон,
Ва духтарчахои дабиристон,
Рузномахои харгунаро,
Хатто обунаро
Фаромуш кунанд!

Helo komputer!
Бидруд рузнома!
Салом «Бахористон» ва
Филми тасвирии «Ну погоды»
Ва луъбатакони норпистон!

ХАСРАТ

Ашки сиёхи дидаи шаб чакра-чакра рехт,

Руи сафеди хайкали Айни сиёх шуд.

Такрори таърих харзае мегуфтаму нигар

Сад хайли побарахнае бар ин гувох шуд.

Хуни сиёхе аз дили шаб катра-катра рехт,

Чое барои хайкали Дониш набуду нест.

Авроки «Донишнома»-и Сино хароб шуд,

Шамъе барои хондану хониш намонду нест.

Шеъри баланди Рудаки ними чахон гирифт,

Асои дасти Рудаки тири камон гирифт.

Мо фахри чашми кури у кардему окибат,

Се-чор кури айнаки кулли чахон гирифт.

Аз рузномахои мо буи махал бигир

Аз сузномахои мо руи махал нигар.

Як кавми пошнакандаро гуфтем кахрамон,

Бар «кахрамонихо»-и ин кавми качал нигар.

Дуздони мо аз киссаи худ дузди мекунанд,

Гургони мо дар чангали худ мекунанд шикор.

Дуздони дигар мохро бурданду хомушанд,

Дуздони мо аз дуздии худ мекунанд викор…

Хулосаи руз

Депутати авбош

Дар оташи бангу героин

Дуд мекунад.

 

«Писарони вазири нокис-ул-акл»

Хакки мардумро

Аз худ мекунад.

Суд

Журналистонро

Говсуд мекунад!

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: