• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

  • Реклама

Машки шеъри зулол

Дар дили шаб
Хандаи зебош дар лаб
Духтари хамсоя гах аз руи девор
Бо дуруг аз номи мактаб
Менамуд ибрози матлаб.

Дар дили шаб
Гох бо у мезадам гап,
Духтаре буд нозуку табъашбаланд
Гох бо ман буд хамгап
Гох ногап.

Дар ин замини бесамар,

Аз чор пахлу мерасад хабар,

Ки аскарони навхати нахондаро

Ба тир мезананд зи танку туп ба пою сар.

Намекунад касе ба ин назар

Ва нолахо ба гуши рахбарон,

Намекунад даме асар.

Шеъри зулоли ман,

Хасти ту дар хаёли ман.

Дар боли орзуи ман парвоз мекуни,

Охир мабод эй хумо боши заволи ман.

Биншин ба боми калби ман ,

Мурги хилоли ман.

Реклама

комментариев 5

  1. Дуруд бар Шумо устоди арчманд!
    Вуруди шумо ба олами Зулолро табрик арз мекунам ва аз шумо чунин умед дорам то ба сахфаи зулолхои бандаи хакир низ саре бизанед ва аз зулолхои банда низ огох бишавед.Мо хамеша ниёзманди накдем.
    Аммо инчо чанд нуктае хаст,ки мехохам арз намоям.Албатта ин часоратамро маьзур доред.Харчанд,ки банда дар пешгохи бузургии Шумо нотавонам, аммо фикр мкеунам ва якин бояд арз намоям,ки зулолхои чаноби Шумо аз лихози мухтаво ва дарунмоя намунаи хубеянд, аммо аз лихози вазн, аруз,ва конуни кулли шеьри Зулол нокисанд.Инчо пургуи намекунам ва шуморо даьват мекунам то ба сахфаи ман ки Зулолхо ва болхо (http://zulolho.wordpress.com/) ном дорад сар бизанед ва инчунин ба сахфаи огои Аьзам Хучаста (http://khojastaroy.wordpress.com/зулолхо/) аз шоирони точик ки аввалин шуда ин даст ба эчоди ин гуна шеьр зад, мехмон бишавед.
    http://khojastaroy.wordpress.com/зулолхо/
    http://zulolho.wordpress.com/

    Ман бовари дорам,ки шумораи офарандагони ин навьи шеьр дар адабиёти точик афзоиш хохад ёфт.Бо умеди хамин пешравихо!

    • Саломе чу буи хуши ошнои Фирдавсчон!
      Банда коре накардаам,ки боиси узри Шумо бошад ва аммо барои ибрози акида ташакккидаатон ур арз мекунам.Дар бораи шеъри зулол факат шунида будам,вале нахонда.Акнун,ки Шумо ба ин олам рахнамои кардед иншооллох кушиш мекунам,чизе дониста хохам навишт.Аз ин пеш аз навиштахои Зафари Суфи шеъри зулолро хонда будам.Шояд сарсари будааст,ки ба умкаш фуру нарафтам ва аз он огох нашудам.Ба хар хол барои ибрози акидаатон миннатдорам.

  2. Зеварчон, хеле хуб эчод кардед. Хонда рохат кардам. Хаста набошед ва Худо муваффак гардонад!

  3. Саломат бошед! Ташаккур!

  4. Сомонаи ‘Вароруд’ рохандози шуд: Варорудиён-гоме ба суи фардо
    http://varorud.wordpress.com/

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: