• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

  • Реклама

НАВОРИ ЗИНДАГИ

Дар навори зиндаги имруз,
Занои фаранчипушро дидам.
Кудакони гуруснаи нимчонро
Пушторакунон мерафтанд.

Дар навори зиндаги дидам,
Ки зане фаранчии худро
Кафани кудаки гурамаргаш кард.

Дар навори зиндаги дидам,
Занхои фаластини харосон
Дар сари тобути фарзандонашон,
Алла мегуфтанд.

Дар навори зиндаги дидам,
Модари бечораи афгонро,
Ки ба чои шир ба дилбандаш
Катрахои ашкро медод.

Дар навори зиндаги имруз,
Модари инсон кучо мерафт?
Дар лабонаш шикваи кисмат
Магарам пеши Худо мерафт?!

Дар навори зиндаги дидам,
Ки Худо суи Бушхо мегуфт:
Ки мани бесоя аз сояи худ безорам!!!

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: