• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

Навгони

Панчруд

Дар лаби Чуи Малик шеъри равон,
Боди Уффор суруд мехонад.
Боги боло сахнаи ракси дарахт,
Хавасу чашми тамошо дори?!

Бурси дуреша магар пайвандист,
Решахо бар таърихи кухнаю нав.
Шохи уро надихад тоб касе,
Бозую дасти тавоно дори?!

Панч мисраъ ба бараш руди равон,
Панч чуест пур аз шири равон,
Панч чуест пур аз шеъри равон,
Дидаи хушбину хоно дори?!

Маркади оди набошад кабраш,
Гунбази шеъри баланд аст ин чо!
Кудаке мегузарад Рудакивор
Дар дахон вожаи канд аст, ин чо!

Хоби нагз

Хаст зеби гарданаш накши чалипое,
Гушвораш-нокуси зарди калисои.

Дар дили у як китоби орзу махфуз,
Чун хати гумгаштаи мехи, авестои.

Меравам то хонааш-то ошёни хафт,
Мекунад дар хонаи калбаш пазирои.

Мебарояд пешвозам хамчунон хуршед,
Пои урён ё ки бо кафши сарипои.

Мекунад «хушомадед» у аз сари шарм,
Лахчааш ширинтар аз лахни бухорои.

Хонааш «аржанг»-и монивор зебост,
Аксхои руи девораш тамошои.

Гох-гохе хобхои нагз мебинам:
Менамоем руи рахти у бахамои.

Реклама
«

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: