• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

  • Реклама

Fазал

Гох гох аз дил кашидам ох-ох,
Ох-ох аз дил кашидам гох-гох.
Хамчу Юсуф будаам дар зиндаги,
Ман аз ин гургон гурехтаам чох-чох.
Дигарон аз ахди худ бигзаштаанд,
Ваъдахоро мекашонам мох-мох.
ОХ аз ин ќисмати баргаштаам,
Гўи аз ман мегурезад рох-рох.
Ман хаминам, ман аминам эй хабиб,
Гарчи буд 70 пуштам шох-шоњ.
Вохидам “ид” рафту “вох”-ам мондааст,
Кас ба холи ман наафтад вох-вох.

Хам шуд нихоли коматам боре наомади,

Бар чои истикоматам боре наомади.

Гуфтам,ки ахволи туро пурсам биё,биё

Гуфти,ки ман саломатам, боре наомади.

Аз ишку аз чавоният гуфти дигар магу

Карди басе маломатам боре наомади.

Ман сабр пеша кардаму умрам намекунад

Пурсабру пурматонатам ,боре наомади.

Гохе калом мекуни гохе салом не,

Курбони хар каломатам боре наомади.

Гуфтам,ки зинда буданам як давлатест о,

Кушти ба сад аломатам боре наомади.

 

Лабатро мемакам хамчун асал, охиста-охиста,
Танатро мекашам андар багал, охиста-охиста.
Саропои туро бусам, ичозат гар бифармои,
Баёзи синахоятро аввал, охиста-охиста.
Ман аз чашмони бемори ту метарсам, ки як рузе,
Маро хам мекушад мисли касал, охиста-охиста.
Басе шабхои хичрони туро ёд ораму гирям,
Ба мисли ашки борони хамал, охиста-охиста.
Ба байти абрувонат киссаи ишкам намегунчад,
Бароят менависам ин газал, охиста-охиста.
Асил будам асири токи абруят шудам охир,
Намуди Зевари моро дагал, охиста-охиста.

Байту газалу таронаам ту,
Афсонаи ошиконаам ту.
Дастпарвари ту шудам чу кафтар,
Сарманшаи обу донаам ту.
Абруи баланди ту чу мехроб,
Мехроби баланди хонаам ту.
Даврони чавониам гузашта,
Аз умри камам нишонаам ту.
Як умр ту дар канори ман бош,
Эй олами бекаронаам ту.
Эй ахгари ишки поки Зевар,
Ман оташаму забонаам ту.

Шаби торики илхомам Зулайхои сахар дорад,
Зи маънои ба чох афтодаи Юсуф хабар дорад.
Забони килки ман чун тешаи Фарход танхояст,
Сипохи Хусрави хобам такопуи хашар дорад.
Ба куху дашти дил чун чанги Салму Туру Афредун,
Парешон ёдхоям домани куху камар дорад.
Маро,ки орзуи шеър дар сар меравад доим,
Ба дил гуям,ки сокин бош ин шаб хам сахар дорад.

ГАЗАЛИ ДАРЁ
Дилам гум мезанад хамчун дили девонаи дарё,
Хумори гаштаам бар чашми чодувонаи дарё.
Равам дар сохилаш биншинаму бо у газал гуям,
Паи мавчи гизоли хушдави чононаи дарё.
Хаёлам гарки дарё шуд,ки шояд дурр кунад пайдо,
Ба ёри селаи мохи кашам аз лонаи дарё.
Замири мо,ки дорад тухми шеър андар бтсоти худ,
Магар Фирдавсии нав хезад аз домонаи дарё.
Лаби дарёю лабхои ману лабхои чонона,
Хама мастем аз буи маи паймонаи дарё.
Шавад,эй кош орам иктибосе дар газалхоям,
Ду харфе аз газалхои равонбахшонаи дарё.
Зи кахри хучрахои сарду бетонии Душанбе,
Гурезам то ба каъри хучрахои хонаи дарё.
Сари ангушти табъи Зеварам зулфи газал тобид,
Парешон муи маъни гашт руи шонаи дарё.

Ё МАВЛО

Чахонро мекунад таксим ду-се пулмаст ё мавло,

Рахоиро нишонам дех аз ин бунбаст ё мавло.

Агар ин аст дар руи чахон тадбири диндори,

Худо тамкини худро медихад аз даст ё мавло.

Чавоне,ки гузашт умраш зи 20-у 30-ю аз 50,

Кучо хохад расид акнун чунин пуршаст ё мавло.

Дилам панди хакимонро пашизе хам намегирад,

Такопу мекунад хар дам чу ринди маст ё мавло.

Маро аз барги гул нозук яке хамсухбате бояд,

Ки нозук будани табъам рухамро хаст ё мавло.

Ба китфи табъи нозук бори маъни мекашам,Зевар,

Зари дунё равад аз даст чу чирки даст ё мавло!

ГИРЯ

Бар рузхои рафтаам ман гиря мекунам,

Бар солу моху хафтаам ман гиря мекунам.

Гохе даруни гиряам ман ханда мекунам,

Гохе ба бахти хуфтаам ман гиря мекунам.

Аз дидани руи хуше дил нарм мешавад,

Бар харфи сахти гуфтаам ман гиря мекунам.

Гах суфта-суфта хешро як шеър мекунам,

Гохе ба шеъри суфтаам ман гиря мекунам.

Ногуфта харфи хешро афсус мехурам,

Бар харфи ненагуфтаам ман гиря мекунам.

Худро ба души хештан то гур мебарам,

Бар чисми коркуфтаам ман гиря мекунам.

ХУСНИ ТАФОХУМ

Ман худамро гох-гох гум кардаам,

Таънахо бар моху анчум кардаам.

Бо шубон бигристаам аз бахри меш,

Гурги чангалро тараххум кардаам.

Бурдаам бегонаро то аршхо,

Дар назархо хешро шум кардаам.

Зохиран побанди конунхои дахр,

Аз дарун хар гах талотум кардаам.

Зинхор бечора нестам, зинхор,

Бо аду хусни тафохум кардаам!

ТОКИ АБРУ

Кадатро сарви беозор гуфтам,

Рухатро гармии бозор гуфтам.

Сари зулфи туро бо сарбаланди

Ба гардан халкахои дор гуфтам.

Лаби лаъли туро то буса кардам,

Тамоми гунчахоро хор гуфтам.

Хама пасту баландии чахонро

Ба пеши куи ту хамвор гуфтам.

Ба токи абрувонат сачда кардам,

Туро ман бемурувват ёр гуфтам.

Ракибонро бари ту дида аз рашк

Туро беахди дилозор гуфтам.

ГУЗАШТ

Ман аз ин ишк гузар хохам кард,

Хайма дар мулки дигар хохам кард.

Каъбаи ишки ту вайрона шудаст,

Кибларо суи дигар хохам кард.

Бар дифои ишки новарзидаам,

Синаи хеш сипар хохам кард.

Хона пушидан надонистам агар

Хона дар чону чигар хохам кард.

Шеъри ман дарди шуморо нахурад

Аз чунин шеър хазар хохам кард.

Зевари бечора безар гаштааст,

Ашкхоямро гухар хохам кард!

БИЁ

Шабнам ба лола бусаи тар мезанад,биё,

Ангушти бод халкаи дар мезанад,биё.

Омад бахору сабз шуд ишки ту дар дилам,

Мехри ту дар замири ман сар мезанад,биё.

Дар гушхои шохаи бодому себхо

Хуршеду мох халкаи зар мезанад,биё.

Овози пои ту расад бар гушхои дил,

Дил дар даруни синаам пар мезанад,биё.

Дар умри кам намудаам бисёр бехуди,

Кисмат маро ба химчаи тар мезанад,биё.

НАНГ

Номи нангу нанги номем хамватан,

Пухта- пухта хоми хомем хамватан.

Кай кушояд мурги бахти мо канот,

То кунун дар доми домем хамватан.

Субхи мо кизбу сабохи мо дуруг,

Ахтари гумноми шомем хамватан.

Чонбози гуфта чомбози кунем,

Мо гадои шурбу чомем хамватан.

Дигарон рафтанд то авчи фалак,

То кунун дар руи бомем хамватан.

Мо зи пушти айнаки худ кахрамон,

Сояхои пушти бомем хамватан.

Душмани мо ними олмро гирифт,

Мо зи пушти интикомем хамватан.

Аз хору хас табъам гирифт,

Аз ёри кас табъам гирифт.

Аз нолаи гамовари

Бонги чарас табъам гирифт.

Поёнихо боло шуданд,

Аз пешу пас табъам гирифт.

Ман бо ту будан хостам,

Аммо, абас, табъам гирифт.

Хар лахза як ёри дигар,

Чун булхавас табъам гирифт.

Аз хеш хохам шуд бурун,

Андар кафас табъам гирифт.

НИЁИШ

Эй табиат, болу пар бахшо маро,

Ишк, яъне дарди сар бахшо маро.

Дар чавони чун гули пажмурдаам,

Шабнами вакти сахар бахшо маро.

Аз барои мисраи сабзу таре,

Суз аз хуни чигар бахшо маро.

Дар талоши зиндаги умрам гузашт,

Эй Худо, умри дигар бахшо маро.

Эй ватандорон, Ватан чист?

Гулрухон, богу чаман чист?

Эй чавонон, эй чавонон,

Хою хую мову ман чист?

Эй хама мардони олам,

Як дахан гуед, зан чист?

Хисси миллият кучо шуд?

Нагмаи зогу заган чист?

Эй хама сармоядорон,

Мурдахои бекафан чист?

Меравам то худшиноси,

Зери ин чохи закан чист?

 

Гузашти аз кучаю ба ман нигох карди,

Нигох аз ман гурезонди,нарзи рох карди.

Бунафшамуи мано!Муи маро карди сафед,

Фариштахуи мано!Руи ман сиёх карди.

Зи баски бо мани дилхаста кахри буди,

Хазор таъна ба дарахту гулу гиёх карди.

Пареру пеш-парер ба пахлуи ман буди,

Шигифто!Камари хасми маро такягох карди.

Баландболои мано!Ба байти абруи худ,

Тамоми осори маро табох карди.

Сухан аз хачру чудои ифтитох карди,

Фатиламуи мано!Чи иштибох карди!

 

Реклама

Один ответ

  1. Гох-гох аз дил кашидам ох-ох

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: