• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

БАРОИ ЯК БОНУ

Мерасам як субхи содик аз дили шаб,
Мечинам гулбусахоро аз гули лаб,
Мебарорам ман туро аз тобу аз таб,
Гиря куну интизорам бош!

Ашк рез саршортар аз ашки борон,
Чанги гамро тоза шу аз руи мижгон,
Мерасам чун буи хуш аз киштзорон,
Гиря куну интизорам бош!

Хонаатро тоза кун,мизро музайян кун,
Шамъ мону соати васлат муайян кун,
Бори дигар киссаи ишкат мубайян кун,
Гиря куну интизорам бош!

Хонаатро тоза куну атру упо зан,
Пайкаратро тоза куну атру упо зан,
Мерасам як шоми торик русти аз зан,
Гиря куну интизорам бош!

Музайян – зиннат, оро
Мубайян – такрор,баён

ШОИР

Чехрааш аз самти чап
Як захми поку дошт,
Хучраи кории у,
Буи тамоку дошт.

Руи мизаш,
Когази «офсет»-и бисёр.
Курсии у аз замонхои Брежнуф,
Ё ки аз даври биринчи.

Сурати сабзи латифе
Руи девораш авезон,
Ё нишон аз даври Зардушт,
Ё салиби дасти Исо.

Пеши у як чуръаи нимнуши кахва,
Буи хуш медод.
Як тараф хокистару
Якчанд сигори нокашида.
Мисрахо пахну парешон,
Хамчунон накшу нигори нокашида.

Аз дарун у бесаранчом,
Аз бурун ором буд
Интизори лахзаи илхом буд!?

МАРСИЯИ ШАХРИ МАСКАВ

Биё дар кучаю бозори Маскав,
Бихон марсияи озори Маскав.
Ки Маскав мефурушад мурдаи мо,
Чахон андар ачаб аз кори Маскав.

Ба боги орзу дар шахри Маскав,
Ба чуз аз мугчаи гурбат наруяд.
Илохо! точике дар шахри Маскав,
Дигар аз тобуту турбат нагуяд.

Нагардад лолагун аз хуни точик,
Дигар барфи сафеди шахри Маскав!
Ба чуз аз марсия хондан нашояд,
Дигар харфи сафеде бахри Маскав!

БОМДОДИ ПИРИ

Баъди хуфтанхои айёми чавони,
Бомдоди пириям охиста ру зад.
Чашмаи ишку хавас охиста хушкид,
Фикр бар аъмоки маънихо фуру зад.

Баъди хуфтанхои айёми чавони,
Бомдоди пириро огоз кардам.
Бе тахорат, бе харорат,бе махорат
Чонамози пириямро боз кардам.

Аз маросими чили чилсолагиям,
Хафт хам бигзашту бисту сол хам.
Ман азо бигрифта бар марги чавони
Дар катори пирхои навчавоне чо гирифтам!

АЛИФИ КОМАТ

Падарам як шабдарав дар Дашти Боло,
Доси худро карра мезад.
У сириликро намедонист,
Бахри ман кадди баландаш буд алифи форси.

Аз аломатхои бисёри китоби,
Доси дасти у саволи бечавоби зиндаги буд,
Дастаи белаш барои ман хитоби босавоби зиндаги буд,
Пеши досаш пеши охангар хамеша чиндаги буд.

У муаллими фани ал-чабру ал- чугрофии ман буд,
Ман аз у ал-сарфу ал-нахву забон омухтам,
Аз алиф андеша аз гофаш гумон омухтам.

Чурахояш одамони соддаи дехоти буданд,
Гох-гохе у маро хам чура мегуфт.
Шеърхои соддаамро гох-гохе гуш мекард,
Бехтарин шеъри чахон ин «сура» мегуфт!

РЕКОРД

Мо дар ин даврони истиклол,
Хар чи афроштем байрак буд.
Он кадар хангомахо кардем,
Худ нишони рушду равнак буд?!

Дар чахон рекорди нав кардем,
Си миллион сарфи парчам шуд.
Комати точик баланд гардид,
Комати бегонахо хам шуд?

Си миллионро агар давлат,
Хона мепушид чанд мешуд?
Сад зиёи хонадор мешуд,
Шодии мардум дучанд мешуд?

МЕНТАЛИТЕТ ё сафсаттаи арафаи ид

Мо намадхои чиркини хешро метакидем,
Ва фаршхои ифлоси хонахомонро мешакидем.
Об дар кишвари мо баски фаровон буд,
Оби румон оби борон буд.

Мо руи сиёхгаштаи хешро мешустем,
Ва панч вакт тахорати зохир мекардем,
Мо бист ракаъат намози таровех ва
Се ракаъат витри вочиб мехондем.
Мо пода-пода ба хонахои якдигар мерафтем
Ва дастархонхоро мелесидем.
Мо дастчамъона оруг мезадем
Ва якдилона ба холи хамдигар механдидем.

Мо ба пойхои барахнаи духтарони урус менигаристем
Ва лаб мелесидем: «Бхурумтаее»!!!
Мо ба ришхои шонанодидаи хеш панча мезадем,
Писаронро чавонахук
Ва духтаронро мочахирс мегуфтем.
Мо аз занхои худ наметарсидем,
Мо завчахои худро «бева» мегуфтем.

Мо ба сиёхи одат карда будем.
Мо шишахои мошинхомонро сиёх мекардем
Ва аз пушти шишахои сиёх
Субхи сафеди Ватанро сиёх медидем.
Дарвокеъ
Мо мафхуми мукаддаси «ВАТАН»-ро
Бо вожаи ифлоси «ЧАТАН» хамкофия мекардем.

Мо чун галаи гусфандон,
Дар хиёбонхои шахр мечаридем,
Деворахои рекломхоро медаридем.
Мо арак мехурдем,
Мо арак мекардем,
Ва аз буи араки бадани якдигар
Маст мегардидем.

Дар сари гуруру масти мушт ба сина мезадем:
«Обои ман Точмахалро сохтааст!»
«Бобои ман дар Берлин байрак афроштааст!»
«Додои ман шахтахои Кизилкумро кофтааст…»

Кош як бор аз хеш мепурсидем:
«Мо чи мекунем ва кучо хохем рафт???»
Ва
Гайраю
Ва
Хо
Казо.

ИНТИХОБОТ

Маъшукахои ман ба Амрико рафтанд,
Маъшукахои ман ба Аврупо рафтанд,
Ман аз хукумати Вакт мепурсам
Маъшукахои ман кучо рафтанд?!

Падари Махбуба хоким буд,
Падари Матлуба олим буд,
Падари Манзура марди хуб
Падари Махфуза золим буд.

Падарошон кор ноёфта,
Духтаронро бурдаанд бо худ.
Писарошон монда дар ин чо
Бангу героин намоянд дуд…

Мондаам бо бангиён хамроз,
Гаштаам бо бангиён хамсоз,
Ман ба интихоботи имсола
Медихам бар бангихо овоз?!

СУРУДИ ПАНЧРУД

Дехаи зебои Панчруд,
Дар чахон овоза дорад.
Мавчи дарёи Уречаш
Калбхоро тоза дорад.

Мусафедони базебаш,
Суи масчид мешитобанд.
Ришхошон пасту зебо,
Чумлаги ахли китобанд.

Месароям Рудакивор,
Ман, ки аз ахли сурудам,
То шавад вирди забонхо
Васфи дехи Панчрудам.

Як дуо аз Рудаки гир,
Гар бимони нимаи рох.
Пандхояшро бихони,
Мешави аз хеш огох.

ГАМГАЗАЛ

«Шифои»-и Буали андар кафи бемор мегиряд,
Чароги лола дидам дар сари девор мегиряд.

Сари рохи калоне дар хиёбони ту эй Механ,
Сафедори баланде бо хаёли дор мегиряд.
Дигар боли Хумо бишкаставу мурги Самандар мурд,
Хумои ту сари сутхони пурасрор мегиряд.
Мухочирбачахо дар мулки гурбат бекафан мурданд,
Фалак бар турбати мардони дилафгор мегиряд.
Садои модарон аз дехахои холи бархезад,
Гумонам Яхч бар начвои Гулрухсор мегиряд.
Ба чуз аз гамгазал гуфтан набошад авчи илхомам,
Ба холи Зевари бечораам ашъор мегиряд.

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.