• Тарчумаи хол

    Соли 1968
    Бе пурсиши ман,
    Маро зодаанд.
    Соли 1975
    Бе хохиши ман,
    Маро ба мактаб доданд...
    Агар озори касеро кашидаам
    Ва ё миннати хасеро бурдаам,
    Хохиши зиндаги ин буд!
    Ва аскари,
    Ва Донишгох,
    Ва рох,
    Ва берох
    Бо сукути хохиши ман будааст.
    Ва шеърам,
    Ва ишкам,
    Ва рашкам
    Гувоханд, ки
    ХАСТАМ!

Дар бораи ман

Тарчумаи хол

Соли 1968

Бе пурсиши ман,

Маро зодаанд.

Соли 1975

Бе хохиши ман,

Маро ба мактаб додаанд…

Агар озори касеро кашидаам

Ва ё миннати хасеро бурдаам,

Хохиши зиндаги ин буд!

Ва аскари,

Ва Донишгох,

Ва рох,

Ва берох

Бо сукути хохиши ман будааст.

Ва шеърам,

Ва ишкам,

Ва рашкам

Гувоханд, ки

ХАСТАМ!

Ман арзи вучуд мекунам охиста,
Хар буду набуд мекунам охиста.
Монанди сигори байни ангуштонам,
Месузаму дуд мекунам охиста.

Ман МАликов абдувохид Зеварович 6-сентябри соли 1968 дар дехаи ПАНЧРУД дар лаб ханда ба дунё наомадаам.Падарам Маликов Зевар(хама Бобои Мутаххар мегуфтанд) вакти тавлиди нахустписарашон яъне ман дар шахтахои Кизилкум кор мекардаанд.Баъдтар аз сабаби бад шудани саломати ба кори КОЛХОЗ гузаштаанд.

Модарам Норова Мусайяв хонашин буданд.Аз падару модарам мо се фарзанд мондем ман додарам Махкам панч сол хурдтар ва хохарам Мукима.

Дар синни 7 солаги ба мактаби миёнаи раками 27 и дехаи Панчруд бурдандам.Муаллими аввалинам Усмонов Кариммулло буданд.Ёд дорам вакте ки маро ба мактаб бурданд пеш аз ба синф дохил шудан музачахоямро кашида будам,ки боиси хандаи калонсолону гиряи ман шуда буд.Вокеан дар ин мактаб дах сол хондаам ва борхо гиряхо кардаам.Шояд дар бораи гиряхоям,ки таърихчахои гуногун доранд ягон вакт Худо даст дихад накл мекунам.Баъд аз хатми синфи хашт хамрох бо хатмкунандагони мактаби деха ба шахри Душанбе омадам.Хуччатхоямро ба Омузишгохи тибби супоридам,аммо аз имтихони аввал бахои ду гирифта боз ба деха баргаштам ва тахсилро дар мактаби деха идома додам.Баъд аз хатми синфи дахум яъне соли 1985 боз барои хондан ба Душанбешахр омадам.

Ин аст тарчумаи холи мухтасаре ки  ман барои расмият менависам.Дар асл тарчумаи холи ман хамон шеър аст ки «Тарчимаи хол»номаш кардаам.

6-июли соли 1987 ба сафи Куввахои мусаллахи Иттиходи Шурави даъват шудам.Ду сол дар кисми куввахои зиддихавоии (ПВО) Укроин дар вилояти Николаевск дар шахраки Первомайск хизмат кардам .Рутбаи харбиям сержанти калон.Пас аз хизмат ба Душанбе баргаштам ва аз курси дуюм ба тахсил дар Донишгох идома додам.Донишгохро соли 1994 хатм намудам.Хануз аз давраи донишчуиям дар мачаллаи «Чашма»(аз соли 1991) кору фаъолият мекунам.

Аз хурди китобхониро дуст медоштам.Падару модарам барои он ки ман дар таги курпа нури фонарикашонро барои китобхои «фачу лач»сарф мекунам сарзаниш мекардандам.Дарсатро хон мегуфтанд.Боре ёдам хаст,ки падарам китоби «Норак»- Ю.Акобирро ба даруни печка партофтанду ман аз китобхонаи мактаб карздор шудам.Намеёристам,ки барои китоби сухта аз худашон пул пурсам барои хамин хам аз хонаи муаллими Мухиддинов,ки дар хамсоягиамон мезистандкитоб дуздидам.Хозир фикр мекунам,ки ин дуздии охирини ман набудааст.Чунки холо хам агар китоби хубе ба дастам афтаду онро харида натавонам,албатта медуздамаш!Баъд аз хидмати харби ба хондани китобхо ба забони уруси сар кардам.Кафкаю Ничаю Гюго,Цвейгу Мопасану Толстой,Маркесу Деффо ,Есенину Гоголь ва дигаронро кам-кам мехонам.Вакте ки Есенинро хондам хеле мутаассир шудам.Чанд шеърак хам дар васфаш навиштам,ки дар мачмуаи дуюмам бо номи «Зулфи бед» чой дода шудааст.Холо дар шахри Душанбе зиндаги дорам,харчанд,ки ин чо ,шукри Худо хонаю дари обод дорам,боз хар лахзаю хар соат дилам барои Панчруд  гум мезанад .

 Аз бихишт то Панчруд фарсанг нест,

  Ор бахри панчруди нанг нест.

  З-ин сабаб дар шохрохи зиндаги

  Пои фикри панчруди ланг нест… давоми ин газалро ,ки»Газале барои Панчруд»ном дорад ,метавонед аз «Зулфи бед»хонед.

Вокеан, дар бораи мачмуа.Мачмуаи аввалинам соли 2000-ум бо фотихаи Устод Камол Насрулло ва зери тахрири дустам Салимчон ( Салими Зарафшонфар) нашр шуд.Дар ин китобча тахминан сию панч шеър чой гирифтааст,ки дар солхои гуногун эчод шудаанд.Хамон чо як шеъраке бо номи » Ба М»хаст,ки хамаги аз чор мисраъ иборат аст.Аммо дар бораи он сару садохо хеле зиёд шуд.Хар зане,ки маро мешинохту номаш бо харфи М сар мешуд,фикр мекард ки ин шеър дар бораи уст.Хатто духтароне низ буданд,ки дар деха зиндагии ободу шавхару хонаю дар доштанд ва дасти ман ба дасташон нарасида буд,аммо одамон хамонхоро мегуфтанду ном мебурданд.Боре дар деха марде аз сари масти бо ман хархаша эчод карду суханхои пасту баланд гуфт.Нафахмидам,ки аз ман чи мехохад.Баъди чанде аз як рафикам фахмидам,ки номи завчааш бо харфи М сар мешудаасту у фикр мекардааст,ки ман хамин шеърро дар бораи зани у гуфта бошам.Бечора!Занаш,ки гар хаст дилаш дур меравад,агарне ман кучою зани зебои у кучо!

Мачмуаи дуюмам бо номи «Зулфи бед» соли 2009 дар нашриёти «Адиб» чоп шуд.Мухаррири ин мачмуа дусти болотар аз бародар Мубашшир Акбарзод мебошад.Дар ин мачмуа бештар шеърхои дар солхои охир эчодшударо дар бар мегирад.Кариб як китоби дигар шеър тайёр аст,азбаски имруз шеърро дар Точикистон хор кардаанд,намехохам чопаш кунам.Агар Худо даст дихад, иншооллох бо расидани фурсати мувофик чоп хохам кард.Хозир дар сари як китоби алохида дар бораи таърихи Панчруд хастам.Аз Худованди мутаъол умед дорам то даст дихад ва аз рухи Устод Рудаки мадад металабам, то ёри кунад ин азмро то ба охир расонам.Айни хол ин китоб дар арафаи омодашавист.Мехохам як маълумотномае дар бораи Панчруд чамъовари намоям, ки барои хама муфид бошад.Аз хамин сабаб вакт каму умр даргузару кор бисёр ва ками андар кам вакти дар блог навиштан даст медихад.Ният дорам, агар китоби Панчрудро ба охир расонам, аввал дар сахифахои блог чой хохам дод.

Барои навиштани ин китоб аз чанд сарчашма истифода кардам.Нахустин сарчашмаи истифода шуда ин асари арзишманди донишманди эрони устод Саид Нафиси — «Мухити зиндаги ва ахволу ашъори Рудаки» мебошад.Дар ин асари пурарзиш устод Нафиси, аз замони зиндагии Устод Рудаки — давраи сомониён сар карда то ба давраи шурави,тадкикоту тахкикоти раднашаванда гузаронидааст, ки то у касе ба ин арзишманди рисолае дар бораи Устод Рудаки нанавиштааст.Хамаи тадкикотчиёни дигари ахволу ашъори Устод Рудаки, ки пас аз устод Нафиси омадаанд, аз ин бузургмард иктибос кардаанд.Пас аз он маълумотхо аз Абдурахмони Мустачир як точири самарканди, ки бо хамрохии походи генерали урус Абрамов ба водии Зарафшон дар соли 1870 гузаронидааст ва китобе бо номи «Рузномаи сафари Искандаркул» навиштааст, оварда шуд.Сарчашмахои дигари истифодашуда Аълохон Афсахзод «Одамушшуаро Рудаки», Р.Амонов ва М.Шукуров «Фолклори диёри Рудаки», «Мукотибаи с.Айни ва А. Лохути»,И.С.Брагинский «Абуабдуллох Чаъфар Рудаки», Садриддин Айни «Намунаи адабиёти точик»ва гайра мебошад.Хозир дар сари онам, ки чанд маълумоти дигар, ки дар ин вактхои ахир маълумам шуд,пайдо намоям.Холо мехохам як аккоси нагз ёбам ва аксхое зиёд аз чохои таърихии дехаи зебоманзари Панчруд бардорад ва як бахши китобро «Бахши аксхо» номгузори кунам. Бубинем аз Худои мутаъол чи ояд.

РУЗИ ТАВАЛЛУД

Аслан ман ин ибораро хуш надорам,чунки боз як соли дигар аз умри инсон кам мешавад.Рузи таваллуд хамон вакт хуш аст,ки ОДАМ ба дунё меояд.Дигар рузхои таваллуд хама ба зарари ман будаанд ва  хастанд.Пас ба кадом хотир ман бояд шод бошам?Дар ин руз ёру дустон одамро ба хотир меоранд,суханхои болохонадор мегуянд,таъриф мекунанд,аммо фикр хам намекунанд,ки ин як соле,ки гузашт шуморо ба марг наздиктар кард!Пас бо чи ру ман ин солро чашн бигирам?Ман, ки ба ин наздикихо мурдани нестам,аслан ман тамоман мурдани нестаму аммо ин чиз ба фикрам номумкин аст.Ман дар ин чилучанд сол чи кореро ба анчом расонидаам, ки боиси чашн бошад?Як китобе, як шеъре,як байте ё як мисрае мондагор нанавиштаам, ки кобили чашн гирифтани чилучандсолагии ман бошад.Ё баъд аз ба дунё омадани ман дар дунё ягон дигаргуние назаррас, ки ба рузи таваллуди ман вобаста бошад вокеъ нашудааст, ки боиси фахри ман гардад ва ман ба ин хотир ин рузро, яъне 6 — уми сентябрро чашн бигирам.Ба назари ман ин руз низ чун рузхои дигари Худо буд, хаст ва мебошад.Ва ба дунё омадану рафтани ман ба ин руз вобаста нест , мешуд,ки маро дар дигар руз ва дар чои дигар ба дунё оранд!Ачиб хам мешуд, чунки дар чои дигар шояд ман каси дигар мебудам?Аммо ман аз оне,ки имруз хастам норози нестам.

Китоб

Даврони донишчуи китоб фаровон доштам.Тахминан чахор хазор чилд.Хазор чилдашро зани додарам албдаргирони дузах кард.Хазор чилдаш дар Душанбе,хазор чилдаш дар Панчруд ва сесаду як донаашро ба Китобхонаи милли супоридам.Имруз дар хонаам хаштсаду панч чилд мондаасту халос.Ман аслан китобдор нестам, аммо харидану ба даст овардану хондани китобро дуст медорам.Рафиконам пештар ба ман китоб тухфа мекарданд,холо факат оташдихак (зажигалка)хадя мекунанд.Вокеан дар бораи оташдихак.Чанд сол мешавад, ки оташдихак (зажигалка) чамъовари мекунам.Чамъоварии оташдихак намедонам аз кучо ба сари ман омад?Шояд ин як нишонаи оташпарастии гузаштагони мо бошад, ки баъд аз гузашти асрхо дар вучуди ман ру зада бошад?Гумон намекунам!Чунки падару бобохои ман пушт ба пушт Шайху Суфию Мулло будаанд ва банда низ хам дар хонаю хам дар назди Устодони бомаърифат дарси Хафтяку Куръону Чоркитобу Хоча Хофизу Тугралу Бедил хондаам.Харчи хам бошад имруз оташдихакхои ман хеле зиёданд.Хисоб накардаам ки чи кадар шудааст,аммо хамин кадарашро медонам, ки як халтаи селофаниашро касе ба ягмо бурд, ки чорсад донаи накд дар дарунаш буд.Оташдихакхои ман аз хар гушаю канори дунё тавассути дустонам чамъовари шудаанд.Ман ба дустонам мегуям, ки аз сафар ба ман ё китоб оред ё оташдихак!

Дар ин миёна як-ду сафар хам доштам.Яке ба Киргизистон дигаре ба Эрон.Дар зер гузориши ин сафархоро меорам.Аввал гузориш аз Иссик-Кули Киргизистонро меорам.Фикр мекунам хонанда дар бораи рушди нашрияхои кудаконаи точик як чизе барои худ мегирад.Иншооллох, агар вакт даст дихад дар бораи сафари Эрон низ як чиз менависам. 

Њуќуќи кўдак ва журналистика

Аз 23 – юм то 27 – уми апрели соли равон бо ибтикори ЮНИСЕФ, дар Љумњурии Ќирѓизистон, дар соњили Иссиќ-кўл,Форуми Осиёи Миёнагии «Њуќуќи атфол ва журналистика»баргузор гардид, ки дар ин чорабинї аз Љумњурии Тољикистон низ , дар баробари намояндагони Ирландия,Туркия,Ќазоќистон,Ќирѓизистон ва Ўзбакистон намояндагони кишвари мо  иштирок доштанд.Дар ин семинар, ки бешак,мавзўи он барои журналистикаи тољик нав ба њисоб меравад  аз кишвари офтобрўяи мо бо роњбаладии намояндаи Дафтари ЮНИСЕФ Парвина Муњаммадхољаева аз Донишгоњи Миллї ду нафар устодони Донишгоњ Сангин Гулов ва Фахриддин Њайдаров, сарвари «Мактаби озоди журналистї»Сафо Сафаров ва камина аз намояндагии Иттиффоќи Журналистони Тољикистон, иштирок дотем.

Боиси хурсандї ва ифтихори мо буд, ки пешнињод ва фикру андешањои намояндагони кишвари мо дар доираи ин семинар, пайваста дастгирї меёфт ва ќобили ќабули намояндагони кишварњои дигар мегардид.Ба њайси як иштироккунандаи ин семинар мехостам баъзе фикру мулоњизањои худро оид ба рўзноманигорї ва њуќуќи кўдак,иброз намоям. Собиќаи кории дарозмуддат дар њамин соња ва бардошт аз чорабинии зикршуда, водор менамояд, ки сари ин масъалаи дар назари аввал сода, аммо хеле муњим, як бањси тањлилии сарироњї гузаронида шавад.

Ин љо мехоњам чанд масъаларо, ки  Конвенсия дар бораи њуќуќњои кўдак онро дасгирї менамояду мањз ба рўзнома ва рўзноманигорї вобастагї дорад, мавзўи бањс ќарор дињам.

1.Тањсилот ва дастрасии атфол ба рўзномаю маљаллањо

2.Рўзноманигорон,факултањои журналистї ва нашрияњои кўдакона

3.Љамъият,ташкилотњои љамъиятї ва њуќуќи кўдак дар Тољикистон

Тањсилот ва дастрасии атфол ба рўзномаю маљаллањо

Агар суханро дар бораи тањсилоти кўдак сар кунему ба њама пањлўњои он љиддитар назар афканем,сухан ба дарозо мекашад.Аз њамин сабаб аз Моддаи 28 -и Конвенсия дар бораи њуќуќњои кўдак оѓоз менамоем.Дар ин модда оварда шудааст: «Њар як кўдак њуќуќ ба тањсилот дорад.Тањсилоти ибтидої бояд њатмї ва бепул бошад,тањсилоти миёна ва олї барои њамаи кўдакон бояд дастрас бошад.Дар мактабњо њуќуќњои кўдак бояд риоя карда шаванд ва шаъну эътибори инсонї эњтиром карда шавад.Давлат бояд назорат барад, ки кўдакон мунтазам ба мактаб раванд.»

Яъне чї? Яъне, агар тањсилоти ибтидої њатмї ва бепул бошад,њар як кўдак вазифадор аст, ки дар мактаб  хонад.Ваќте ки дар мактаб дарс мехонї, албатта хондани рўзномаю маљаллањо ногузир аст.Акнун саволњои ногузири мантиќии зиёде ба миён меояд.Ба монанди:хонандагони макотиби тањсилоти умумии Тољикистон чї миќдор њастанд? Оё хонандагони макотиби умумии мо рўзномаю маљалла мехонанд? Кудом рўзномаю маљаллањоро мехонанд? Ва онњоро чї тавр дастрас менамоянд? Ва ин рўзномаю маљаллањо ба кўдакон чї медињанд? Ва ин рўзномаю маљаллањоро кї омода мекунад? Ва чї мутахассисе ин љо кор мекунад? Ва њо казоњои дигар.

Барои ба ин саволњои ногузир  љавобњои ногузир пайдо намудан бояд ба идораи зиёда аз 26 номгўй рўзномаю маљаллањои кўдаконаи даврї сар халонему сари ќадам ба Вазорати маорифу Вазорати фарњанг низ омадшуд дошта бошем.Ќисми зиёди идораи ин рўзномањою маљаллањоро дидем ва дар навбати худ ба Вазоратхонањои зикршуда њам омадшуд доштем.Аз рўи таљрибаи њосилшда ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар њаќиќат дар Тољикистони азиз њамин миќдор рўзномаю маљаллањои кўдакона вуљуд доранд ва пайваста дар як њафта як бору дар як моњ як бору дар се моњ як бор нашр мешаванд.Ва теъдоди хонандагони макотиби тањсилоти њамагонї ва литсейу гимназияњо дар кишвари азизи мо аз 2500 000 убур мекардааст.Ва аммо адади нашри рўзномаю маљаллањои кўдаконаи чї давлатию чї шахсї дар Тољикистон аз панљ њазору њафт њазор зиёд набудааст.Рўзномаю маљаллањои давлатї ба монанди «Чашма»-ю «Офтобак»-у «Зангўла»-ю «Анбоз»-у «Истиќбол» њарчанд сариваќт дар як моњ як маротиба нашр шаванд њам, адади нашрашон хеле кам будааст.Чї расад ба рўзномаю маљаллањои шахсї ба монанди «Ворисон»-у «Гул-гул»-у «Гулчин»-у «Гулгун»-у «Аладин»-у «Навнињол»-у «Дониш»-у «Боѓи дониш»-у «Сомониён»-у «Ворисони Сомониён»-у дигарњо.Ва дастрас намудани ин пораи нони маърифат ба тифлакони гуруснаи ахбору илму фарњангу маъорифи тољик тавассути Корхонаи Давлатии «Почтаи Тољик» будааст, ки фаъолияти корияш хеле назарнорас будааст. 

Дар идораи њамаи нашрияњои кўдаконаи мо ягон мутахассиси соњаи кўдак набудаасту ёфтани онњо њам амри муњол будааст, чунки то имрўз дар Тољикистони соњибистиќлоли мо барои ин соња кадр тайёр намекардаанд.Њалли ин масъалањоро ба ўњдаи масъулон вомегузорему меоем сари масъалаи дигар.

Рўзноманигорон,факултањои журналистї ва нашрияњои кўдакона

Дилхоњ рўзноманигори тољик метавонад дар бораи мушкилињои кўдак чизе навишта бошад.Аммо то куљо ба маќсади аслї восил гардидааст ин саволест, ки љавоб мехоњад.Боре мехостам дар бораи писархондагї (усыновление) як матолиб омода созам.Аз чанд нафар рўзноманигорони варзида маслињат хостам,(манзурам рўзноманигор аст, на њуќуќдон) аммо касе ба дардам даво набахшид.Ман, ки дар донистани њуќуќи кўдак ва мушкилии вобаста ба њуќуќи кўдак нодон будам,натавонистам ин корро ба анљом расонам.Аз семинари дар боло зикршуда маълум гардид, ки имрўз дар факултањои журналистикаи Ирландия дар Донишкадаи Технологии Дублин ва њафт Донишгоњи Туркия,дар бораи њуќуќи кўдак ба донишомўзон дар як њафта се маротибаю чор маротиба дарс мегузаштаанд.Аз маълумоти устодони Донишгоњи Миллии мо, ки дар садорати факултаи рўзноманигорї будаанду дар њамин форум иштироки фаъолона доштанд,рўшан гардид, ки дар донишгоњу донишкадањои кишвари мо  њуќуќи кўдак ва нашрияњои кўдакона тадрис намешудааст.Ва аммо дар њамон форум аз тарафи номбаршудагон тасмим гирифта шуд, ки аз соли хониши оянда сар карда дар Донишгоњи Миллии кишвари мо низ ба роњ монда хоњад шуд.Дар њамин росто як муаррифии хеле љолиб њам аз тарафи намояндагони Донишгоњи Миллї пешнињод карда шуд, ки аз тарафи намояндагони кишварњои иштироккунанда  бо хушнудї  ва эњтиром пазируфта шуд.Умедворем, ки ин мушкилї дар ояндаи наздик паси сар хоњад шуд.

Љамъият,ташкилоти љамъиятї ва њуќуќи кўдак

Љамъияти даврони истиќлоли мо,хусусан дар дањсолаи охир ,ќариб дар њамаи соњањо рушд кардааст.Аминем, ки барои дидани рушди ояндаи он дурбин лозим нест,фаќат хушбин будан лозим аст.Рушди адабиёти кўдак ва нашрияњои кўдакона, нисбат ба даврони шўравї назаррас ва бармалло будааст.Њарчанд, ки дар он даврањо як нашрияи кўдаконаи тољик бо номи «Чашма» зиёда аз 90 000 (навад њазор!) адади нашр доштааст!

Аммо ѓайр аз ду-се нашрияи номбаршудаи давлатї чизи дигаре набудааст, ки бо онњо раќобат дошта бошад.Ташкилотњои давлатию љамъиятии онрўза нисбат ба ташкилотњои љамъиятии имрўза,дар њамин соња,хеле фаъол будаанд. «Октябрятњо», «Пионерон» ва «Комсомол» ташкилотњое будаанд, ки барои тарѓибу ташвиќи идеияњои пешгирифтаи партияю давлати њамонваќта хизмат мекардаанд ва дар баробари ин ба кўдакон илму маърифат ва одобу услуб меомўхтаанд.Дастрасї ба рўзномаю маљаллањо дар њамон замон њам тавассути «почта» будаасту аммо «почта»-и онваќта аз «Почтаи Тољик»-и имрўза ба куллї фарќ мекардааст. «Почта»-и онзамонї бомасъулияту уњдабаро будааст.Мардум бо дили пур ба нашрияњо обуна мешудаанду рўзномањояшон сариваќт дастрас мешудааст.Шоиру нависандањое будаанд, ки мањз барои кўдакон асар меофаридаанд.Китобхонањо фаъол будаанд,махсусан китобхонањои мактабњо китобњои зиёд доштаанду дарашон барои хонандагон њамеша боз будааст.Яъне њуќуќи кўдак бе ягон конвенсия риоя мешудааст.Аммо ,фикр мекунам,љамъияти имрўзаи мо бе дастуру фармон, на китоб мехонаду на рўзнома.Аслан, ман тарафдори «обунаи иљборї» ва «китобхонии маљбурї» њастам, чунки  кўдак бо хоњиши худ танњо мехураду менўшаду мехобад.

Дар як маќола, ё як нишаст,ё як семинар ин масъала њељ гоњ њал намешавад.Пањлўњои зиёде доад, ки огоњему барои  њаллаш дастамон кўтоњ аст.Аз њамин сабаб,Вазорати маориф,Вазорати фарњанг,шўъбањои маорифи шањру ноњияњо,муаллимон,падару модарон,ташкилотњои ќонунгузорию љамъиятию давлатию љањонї, кулли масъулини соња ва барои риояи њуќуќашон, худи кўдаконро низ даъват менамоем, ки сари ин масъала бетараф набошанд.

комментариев 9

  1. Дасти Шумо дард накунад. Зинда бошед!

  2. Bo arzi salom hasta naboshed farzandi arzishmandi vatan akai Abduvohid Malikov man az in saite ki shumo boz kardaaton helo hush holam va fahri chunin farzandoni farzonai diyoram mekunam doimo saraton ba bolo boshad az navishtajothoi shumo helo hush hol shudam dar hakikat naberai Rudaki budanatonro his namudam baroyaton orzuhoi khush tamano doram akoi mehrubon!

    • Саломат бош додар!Кушиш мекунам хар руз як чизи наве аз навиштахоям зам намоям.Ба наздики китобе навнавишт бо номи «Зулфи бед » чоп кардам, ки ин навиштахо аз он чост.Хохиш мекунам фикрхоятро дар бораи ин шеъргунахо нависи.Боки бароят хушрузихо таманно дорам.

  3. Устодо, муборак бошад хонаи умед! Чонон! Лекин шеъри тарчумаи хола хойдан даркор набуд. Пеш хушру буд. Як бенед- да! Муваффак бошед

  4. Салом, дӯсти азиз Абдувоҳиди Зевар!

    Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.

    Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.

    Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.

    Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

    Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

    Бо дуруд ва эҳтиром
    Соҷидаи Мирзо,
    мудири Бахши Тоҷикии
    Радиои Озодӣ

  5. Оффарин, устод» рости хело писанд омад.

Ответить на Эрач Отменить ответ